Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид

Февраль 21, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар марҳилаҳои таърихии инкишоф Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин матлабро имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни ҳамоиши идона бахшида ба 32-солагии таъсиси Артиши миллӣ баён намуд.

Иброз гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба қувваи бузург табдил ёфт. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сипари боэътимоди давлат маҳсуб шуда, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Имрӯз мо – зиёиёни ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози ҷумҳурӣ омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳими ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.

Ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат садҳо нафар ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагиашонро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд.

Дар идома олимону кормандони академия доир ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ, моҳият ва хусусияти он ва рушду пешрафти артиш дар замони соҳибистиқлолӣ маъруза намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 21, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ». Бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз маросими ҷоизасупории ин фестивал доир гардид
Рӯзи таъсисии Қувваҳои Мусаллаҳро дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
ЗАНОНИ НИЗОМИПӮШ. Дар баробари зан-модар будан масъулияти ҳимояи Ватанро низ бар дӯш доранд
Падару модарони сарбозон аз Ҳисор бо шароити хизмати фарзандонашон дар қисмҳои низомии вилояти Суғд шинос шуданд
Дар вилояти Хатлон бо сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд