Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид

Февраль 11, 2025 16:54

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин Комиссияи ҳавзавӣ хабар доданд.

Раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Асҳобиддини иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дар масири таҳкими демократия қарордошта давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои тақвияти мавқеи ниҳоди интихобот дар ҷомеа, боло бурдани эътимоди мардум ба интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ ва таъмини татбиқи самараноки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон тадбирҳои бунёдиро амалӣ менамояд. Дар натиҷа ниҳоди интихобот дар Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди низомсоз эътироф шуда, дар шакли комил ташаккул ёфта, фаъолият дорад.

Мутобиқи моддаи 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар давраи пеш аз интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро  мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Аз ҷониби номзадҳо барномаи пешазинтихоботии онҳо пешкаши интихобкунандагон гардид.

Бояд гуфт, ки дар асоси нақшаи баргузории ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида вохӯриҳо аз 10 феврал то 26 феврали соли 2025 идома меёбанд.

АКС: Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3

Февраль 11, 2025 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд