Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон озмоишгоҳи соҳавии илмӣ-таълимӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойгоҳи факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур озмоишгоҳи соҳавии илмӣ-таълимии «Гидравликаи иншоот, гидрофизика, раванди маҷро, канал ва майдонҳои обӣ», ки дар доираи лоиҳаи минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ навсозӣ гардид, ба истифода дода шуд.
Озмоишгоҳ дар масоҳати беш аз 1500 метри мураббаъ сохта шуда, ҳамчун пойгоҳи илмию таълимӣ дар тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди илмӣ-педагогии соҳаи об нақши муассир дорад. Дар озмоишгоҳ барои рушди корҳои таълимӣ-методӣ, аз ҷумла устувор намудани донишҳои назариявӣ, амалӣ, малакаю маҳоратомӯзӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин озмоишгоҳ донишҷӯён, магистрон, докторон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯён имкон доранд такмилдиҳии техника ва технологияҳои обёрӣ, ҳисоббарориҳои гидравликии каналҳои обёрӣ, омӯзиши тағйирёбии динамикаи ҷараён дар шароити маҷрои кушод ва қубурҳои фишорӣ ва масъалаҳои талафи об дар системаҳои обёриро пурра мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Ҳамзамон дар ин самт рисолаҳое таълиф намоянд, ки ба пешрафти соҳа мусоидат намоянд.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ таъкид гардид, ки натиҷаҳои таҳлили «Консепсияи дастгирии рушди маълумоти олӣ барои тайёр намудани мутахассисони хоҷагии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030» нишон медиҳад, ки 221 нафар дар соҳаи илму маориф марбут ба соҳаи об фаъолият дошта, танҳо 68 нафар ё 31 фоизи онҳо дорои унвони илмӣ мебошанд. Ҳол он ки тибқи стратегия соҳаи хоҷагии об дар айни замон ба беш аз 150 мутахассиси илмӣ эҳтиёҷ дорад.
Бояд гуфт, ки то охири соли 2025 талабот ба мутахассиони дорои маълумоти олии соҳаи об то 36 фоиз ва соли 2030 қариб 90 фоиз афзоиш меёбад. Ҳамин тариқ, тибқи консепсияи таҳияшуда дар доираи лоиҳаи минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити зист дар Осиёи марказӣ муайян карда шуд, ки факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои пешбари ҷумҳурӣ барои тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи об мебошад.
Илова бар ин озмоишгоҳи «Гидравликаи иншоот» дар пойгоҳи факултети гидромелиоративии донишгоҳ дар ҷумҳурӣ ягона ва беназир буда, дорои озмоишгоҳи соҳавии илмӣ–таҳқиқотӣ ва таълимӣ мебошад, ки дар шароити хуб барои иҷрои таҳқиқоти илмии озмоишгоҳӣ шароит фароҳам меоварад. Озмоишгоҳ ба устувор намудани донишҳои назариявӣ, амалӣ, малака ва маҳоратомӯзии донишҷӯёну унвонҷӯён мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






