Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид

Февраль 23, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шарафи 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши  фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховра» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар  ҳамоиш гуфта шуд, ки Артиши миллии мо дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ бо сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми мамлакат таъсис дода шуд.

Артиши миллии Тоҷикистон давоми 32 соли фаъолият ҳамчун ниҳоди боэътимоди ҳифзи амнияту оромии мамлакат шакл гирифта, ба қувваи муташаккили низомӣ табдил ёфтааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки неруи Артиши миллӣ на танҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан, балки дар таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ низ нақши муҳим дорад.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 23, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи таъсисии Қувваҳои Мусаллаҳро дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҷлил намуданд
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Давлат бо Артиши миллӣ муқтадиру пойдор мемонад
СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Артиши миллӣ — артиши дар ибтидо пароканда ва номукаммале, ки имрӯз ба қувваи бузург ва ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд
ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст
Падару модарони сарбозон аз Ҳисор бо шароити хизмати фарзандонашон дар қисмҳои низомии вилояти Суғд шинос шуданд
Дар вилояти Хатлон бо сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиши идона баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ