Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи кори холӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд намоиши ҷойи кори холӣ ва намоиш- фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Ярмарка бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ташкил гардид.
Ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода иброз намуд, ки яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату Ҳукумати мамлакат бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани хатмкунандагон мебошад. «Ҳамасола бо ташаббуси донишгоҳ бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ намоиши ҷойи холии кор баргузор мешавад»,-баён дошт ӯ.
Иброз гардид, ки ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат яке аз масъалаҳои меҳварии Ҳукумати мамлакат маҳсуб шуда, дар ин самт якчанд барномаи давлатӣ қабул ва амалӣ мегардад. Вобаста ба ин масъалаи муҳиму афзалиятнок имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд. Ҳадафи асосии онҳо мусоидат барои бо кори доимӣ таъмин гардидани хатмкунандагон, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад. Раёсати донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар гузаронидани раванди таҷрибаомӯзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таьмин намудани хатмкунандагон бо 195 корхонаю ташкилот шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби муассисаю ташкилоти ватанӣ беш аз 2000 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид. Садҳо нафар хатмкунандагон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳудуди вилояти Суғд ба шуғл фаро гирифта шуданд, ки музди маоши онҳо аз 1500 то 5000 сомонӣ пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






