Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Зимни ҳамоиш муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли толор расонид.
Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо саъю талош ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, имрӯз ба сипари боэътимоди давлат мубаддал гардидаанд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ва муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Музаффар Раҳимзода ба як зумра намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаю медалҳои ҷашнӣ тақдим шуданд.
Ҳамчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт Озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» баргузор гардид. Барои саҳми муносиб дар инкишофи идеяҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, тақвияти корҳо дар самти робита бо ҷомеа, муборизаи муташаккилона бо ҷинояткорӣ ва иштироки фаъолона дар ин озмун як гурӯҳ нозирони минтақавӣ бо Диплом, ҷоиза ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






