Дар Москва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 феврал бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни музокироти вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли маҳдуд ва васеъ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин масоили амниятӣ муфассал муҳокима гардиданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба иқдоми ҷонибҳо барои иҷрои пурраи тавофуқоте, ки зимни музокироти сатҳи олӣ 24 декабри соли 2024 дар вилояти Ленинград ҳосил шуда буд, зоҳир карда шуд.
Мавзуи ҳамкории ду мамлакат дар соҳаи муҳоҷират бо зарурати риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, муфассал баррасӣ гардид.

Зимни музокирот дастгирии мутақобил дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистону Русия дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар абзори бисёрҷониба тасдиқ гардид.
Аз натиҷаи гуфтушунидҳо вазирон «Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2026» ва Протоколи иловагии №2 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 1999-ро имзо намуданд.
Музокирот дар фазои эътимод ва созанда, ки хоси муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русия мебошад, доир гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






