Дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд

Февраль 8, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 19 озмоишгоҳ бо асбобу технологияҳои замонавӣ ба истифода дода шуд. Ин матлабро 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд.

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ 16 озмоишгоҳ, дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо беш аз 60  номгӯй асбобу таҷҳизоти муосири илмӣ, 3 пойгоҳи нави зилзиласанҷӣ дар Хадамоти геофизикии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.

Инчунин барои пешбурди корҳои сейсмологӣ дар Тоҷикистон таввассути Бонки ҷаҳонӣ ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи академия 32 номгӯй асбобу таҷҳизоти замонавии соҳаи сеймология дастрас карда шуд.

Инчунин соли 2025 як озмоишгоҳи замонавӣ дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин бо технологияҳои замонавӣ ба истифода дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад