Дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 19 озмоишгоҳ бо асбобу технологияҳои замонавӣ ба истифода дода шуд. Ин матлабро 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд.
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ 16 озмоишгоҳ, дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо беш аз 60 номгӯй асбобу таҷҳизоти муосири илмӣ, 3 пойгоҳи нави зилзиласанҷӣ дар Хадамоти геофизикии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.
Инчунин барои пешбурди корҳои сейсмологӣ дар Тоҷикистон таввассути Бонки ҷаҳонӣ ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи академия 32 номгӯй асбобу таҷҳизоти замонавии соҳаи сеймология дастрас карда шуд.
Инчунин соли 2025 як озмоишгоҳи замонавӣ дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин бо технологияҳои замонавӣ ба истифода дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ифтитоҳ ёфт
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гӯшаи китоби Покистон» ба истифода дода шуд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Рим осорхонаи Леонардо да Винчиро тамошо намуданд
Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад
Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои Ҷумҳурии Сейшел дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд






