Дар Парки инноватсионии саноатию технологии Дарвоз нӯшоба аз хуч ва чой бо таъми шафтолу истеҳсол мегардад
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз се намуди маҳсулот: нӯшоба аз хуч, чой бо таъми шафтолу ва пиёзи анзур истеҳсол мешавад.
Тавре мутахассиси соҳаи технологияи корхона Искандар Шукрихудоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, соли 2024 баъди омӯзиш ва ташхиси гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ истеҳсоли намудҳои нави нӯшобаҳоро аз пиёзи анзуру хуч ва шафтолуи хушк оғоз кардем.
«Яке аз бартарияти маҳсулоти мо даст кашидан аз иловаҳои кимиёӣ мебошад. Чое, ки бо таъми шафтолу дар корхона истеҳсол мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Ҳамчунин ҳангоми истеҳсоли нӯшобаи хучу пиёзи анзур танҳо аз маҳсулоти табиии маҳаллӣ истифода бурда мешавад. Ашёи хомро мо аз сокинони ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим харид мекунем»,-гуфт Искандар Шукрихудоев.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия ва Туркия мебошанд. Мутахассисону коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ баъди омӯзишу азхуд намудани технология ба кор ҷалб шуданд ва бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки 19 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар деҳаи Дуробаи ноҳияи Дарвоз Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди истифода қарор доданд.
Дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ ду гармхона бо муосиртарин технология, 6 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан, коргоҳи коркард ва бандубасти асал ва коргоҳи истеҳсоли картон ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд, ки 70 фоизи коргарони корхонаро занону духтарони хонанишин ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






