Дар шаҳри Лондон ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал бо ибтикори ҷомеаи донишҷӯёни Донишгоҳи Лондон (UCL) дар яке аз боғҳои марказии шаҳри Лондон нахустин чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш миллатҳои ҳавзаи Наврӯз ва сокинони маҳаллии шаҳри Лондон иштирок намуда, бо расму оин ва ғизои миллии мардуми ҳавзаи Наврӯз шинос шуданд.
Ҷониби Тоҷикистон низ дар ҳамоиш иштирок намуда, гӯшаи фарҳангиро бо рамзҳои наврӯзӣ — “Ҳафт сину ҳафт шин” оро дод. Инчунин донишҷӯи болаёқати Тоҷикистон барои меҳмонон сурудҳои тоҷикӣ замзама намуд.
Намояндаи Сафорат ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта, оид ба моҳияти он маълумоти мухтасар пешкаш намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ












Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






