Дар шаҳри Москва ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

Февраль 10, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии ситоди пешазинтихоботии назди Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Федератсияи Русия бо иштироки аъзои ситод ва фаъолону собиқадорони ҳизб баргузор гардид.

Зимни баргузории ҷаласа омодагии ситоди пешазинтихоботии назди Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои иттилоотрасонӣ дар байни шаҳрвандон, ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди интихобот, гузаронидани вохӯрию суҳбатҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима карда шуд.

Роҳбари ситоди пешазинтихоботии назди Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Саидбек Мирзомуддинов иброз намуд, ки интихобот шакли зарурии инъикоси ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандон буда, воситаи асосии иштироки воқеӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ зарур аст, ки дар интихоботи навбатӣ тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеа бо маълумоти пешазинтихоботӣ таъмин шуда, фарогирии онҳо дар участкаҳои интихоботӣ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон таъмин карда шавад.

Иброз гардид, ки аз ҷониби Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, Ҳавзаи Федералии Сибир, Ҳавзаи Федералии Урал ва Ҳавзаи Федералии Приволже низ гурӯҳҳои тарғиботӣ таъсис дода шуда, корҳои иттилоотрасонӣ дар самти баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ пурзӯр карда мешаванд.

Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия дар раванди интихоботи парлумонӣ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар хориҷи Тоҷикистон нишонаи масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад.

Февраль 10, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд