Дар Суғд бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки тамоми ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин буда, барои фароҳам овардани шароити муносиби хизмати ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Ҳифзи марзу буми мамлакат ва таъмини амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.
Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он ифтихор доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя менамоянд ва халқи тоҷик таҳти ҳимояи ин неруи қудратманд ҳаёти хурраму осоишта дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»