Дар Тоҷикистон 280 ҳазор нафар дар даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ба таълими касбӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 280 ҳазор нафар дар даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ба таълими касбӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 86 ҳазору 532 шаҳрванд ба даврҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ, тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ 30,9 фоизи шумораи умумиро ташкил дод.
Солеҳа Холмаҳмадзода изҳор намуд, ки тавассути муассисаҳои таълимии низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 55 361 нафар аз рӯйи 119 касбу ихтисос ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки нисбат ба соли 2023 4034 нафар зиёд мебошад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон 20 100 нафар ва тавассути худмаблағгузорӣ 17 945 нафар ба даврҳои кӯтоҳмуддат ҷалб шуда, тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва малакаи касбии 17 316 шаҳрванд бо шаҳодатнома тасдиқ гардид.
Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бештар аз рӯйи касбу ихтисосҳои дӯзандагӣ, кафшергари барқӣ, барқчӣ, асосҳои компютерӣ, қаннодӣ, челонгари таҷҳизоти сантехникӣ, ошпаз, ороишгари мӯй ва рӯй ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Муъминобод барои дастгирии занони ҳунарманд Маркази «Чирадаст» таъсис дода шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад






