Дар Тоҷикистон азнавбақайдгирии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон азнавбақайдгирии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд, аз ҷумла дар мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии соҳавӣ, ташкилоти тармиму барқарорсозӣ, осорхонаҳо, пойгоҳҳои илмию бостоншиносӣ, муҷтамаъҳо, марказҳои мероси хаттӣ ва бостонӣ, марказҳои табиию таърихӣ, хона-осорхонаҳо ва ташкилоти мансуб ба таъриху фарҳанги миллӣ ва миллатҳои дигари муқим ба салоҳияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вогузор шудааст.
Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон охирин маротиба бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 июли соли 2018 «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст.
Тибқи талаботи қонун, Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар 5 сол як маротиба аз нав ба қайд гирифта мешавад.
Бо ин мақсад Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳият азнавбақайдгирӣ ва феҳристнигории ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ, монументалӣ ва табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти меъёрҳо ва стандартҳои ҷаҳонӣ аз 31 январи соли 2025 бо ҳамоҳангии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оғоз намуд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






