Дар Тоҷикистон намоиши ҷашнии мусаввараҳо оид ба таъриху фарҳанги Арабистони Саудӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи таъсиси Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намоиши ҷашнии аксу мусаввараҳо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Зимни ифтитоҳи намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдураҳмон ар- Рушайдон иброз намуд, ки аз соли 1727 инҷониб ҳамасола 22 феврал мардуми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъсиси мамлакатро бо номи «Рӯзи таъсис» таҷлил менамоянд. Сафир доир ба дастовардҳои Арабистони Саудӣ ибрози назар намуда, афзуд, ки аз санаи таъсис мамлакати Арабистони Саудӣ ба комёбию пешрафтҳои чашмрас дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ муваффақ гардидааст.
Дар намоиши ҷашнӣ аксу мусаввараҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки таҷассумгари таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллии мардуми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошанд.
Меҳмонон бо тамошои намоиши ҷашнии аксу мусаввараҳо бо таърихи қадим ва муосири Арабистони Саудӣ аз наздик шинос шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад






