Дар Тоҷикистон сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфтааст

Февраль 4, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 04.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар 3 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар давраи татбиқи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Гуфта шуд, ки бо мақсади қатъ намудани фаъолияти ҷиноятии шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ки ба воридсозӣ ва паҳнкунии маводи нашъаовар машғул ҳастанд, аз ҷониби агентӣ тадбирҳо андешида шуданд. Дар ин давра фаъолияти 32 гурӯҳи ҷиноятӣ (соли 2023 — 40) дар ҳайати 83 нафар (2023 — 73) ошкор ва қатъ карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби агентӣ 12 нафаре, ки дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доштанд, дастгир карда шуданд.

Агентии назорати маводи нашъаовар соли 2024 аз муомилоти ғайриқонунӣ 504 килою 353 грамм маводи нашъаовар мусодира намуд.

Ҳамчунин имрӯз баъди анҷом ёфтани нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 255 килограмм маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид