Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад

Февраль 10, 2025 13:29

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. То 1 апрели соли 2025 «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Чунин омадааст дар банди 20-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардидаанд». Нақшаи чорабиниҳои мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст.

Тавре дар ҳуҷҷати мазкур дарҷ гардидааст, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки дар «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» оид ба захираву имкониятҳои мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории мамлакат маълумоти мушаххасу дақиқ пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётию гумрукӣ, дар маҷмуъ беш аз 240 номгӯй замонати ҳуқуқӣ муқаррар намудааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024, ки 17 январи соли равон баргузор шуд, чунин иброз намуд: «тибқи маълумоти пешакӣ, дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ 4,9 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2023 — 2,1 млрд. доллар ё 73 фоиз зиёд мебошад. Дар соли 2024 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар ҷумҳурӣ 90 адад ва ҳаҷми маблағи онҳо 51,9 млрд. сомониро ташкил намуд».

Ёдовар мешавем, ки 10 январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба имзо расид. Тибқи ин фармон, то 1 январи соли 2027 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) мораторий эълон гардид. Ин тадбир бо мақсади фазои мусоид фароҳам овардан барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар мамлакат андешида шуд.

Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.

Бояд гуфт, ки мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои кор, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат намуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2025 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН: аз фарҳанги сулҳ то амнияти наслҳои оянда
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
АҲАМИЯТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Мулоҳизаҳо дар ин маврид