«EDONISH». Тавассути ин барнома ба хонандагон зиёда аз 27 миллион баҳо гузошта шуд

Февраль 19, 2025 14:53

ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart City)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар 181 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт Барномаи «eDonish» татбиқ гардида, ба тариқи он ба хонандагон дар шашмоҳаи аввали соли таҳсили 2023-2024 зиёда аз 24 миллиону 902 ҳазору 812 баҳо гузошта шуд. Дар шашмоҳаи аввали соли таҳсили 2024-2025 шумораи баҳогузорӣ ба 27 миллиону 48 ҳазору 801 адад расидааст, ки нисбат ба соли хониши 2023-2024 8 фоиз зиёд аст. Вобаста ба татбиқи натиҷаҳои ин барнома хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Зафар Муродзода ҳамсуҳбат гардид.

Барнома бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз соли 2020 инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе фаъолият менамояд.  Барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандон бо истифода аз воситаҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

Беш аз 35 ҳазор волидайн аз барномаи «eDonish»  истифода намуд

«Дар маҷмуъ барои 236 008 нафар волидайн саҳифа (аккаунт) кушода шудааст, ки аз моҳи сентябри соли 2024   35 ҳазору 214 нафар волидайн аз барнома фаъолона истифода намуданд», -гуфт директори ин марказ.

Барнома қадами устувор барои гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ду ниҳоди муҳим дар самти таълиму тарбия – муассисаи таълимӣ ва ҷомеаро дар як платформа ҷамъ меоварад.

Дар самти татбиқи барнома Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои назаррас ба анҷом расониданд.

Барномаи «eDonish» пурра ройгон аст

Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаҳое, ки барнома дар онҳо фаъол аст, 12 ҳазору 587 омӯзгор ба 278 ҳазору 449 хонанда дарс медиҳанд. Ин муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва дастрасӣ ба шабакаи интернет таъмин шудаанд, ки ҳаққи хизматрасонии он ба таври марказонидашуда аз маблағҳои бо ин мақсад ҷудогардида аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе пардохта мешавад. Мавриди таъкид аст, ки барномаи «eDonish» пурра ройгон мебошад.

Бо мақсади ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ барои пайваст гардидани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таълимӣ шабакаи маҳаллӣ (локалӣ) гузаронида шуд, ки он бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Дар ин баробар ҳар синфхонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути шабакаи ягонаи иттилоотӣ бо хати нахи нурӣ бо суръати 100 мегабайт дар сония ба Интернет пайваст карда шудааст.

Дастрасӣ ба шабакаи интернет дар «eDonish» назорат мешавад

Бо мақсади назорати доимии дастрасӣ ба интернет ва суръати мубодилаи додаҳо дар базаи Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе системаи мониторинги шабакавӣ (vpn) таъсис дода шуд, ки мутахассисон аз утоқи ин система дастрасии муассисаҳои таълимӣ бо интернет ва суръати онро назорат карда,  мушкилоти мавҷударо дар фурсати кӯтоҳ мушаххас ва бартараф месозанд. Раванди дастрасӣ ба шабакаи интернет дар барномаи электронии «eDonish» аз тарафи мутахассисони  марказ дар якҷоягӣ бо масъулони ҶДММ «eDonish» ва масъулини ҶСП «Вавилон-Т» аз рӯи кори барномаи электронии «eDonish» танзим ва назорат мешавад.

Дар барнома мавзуи дарс, вазифаи хонагӣ ва баҳои хонандагон ҷойгир мешавад

Аз ҷумлаи имконоти барномаи электронии «еDonish» ҷадвали дарсӣ, рӯзномаи электронии хонанда, хабарнома аз омӯзгор ба падару модар дар бораи давомоти фарзандашон ва арзёбии дониши хонандагон мебошанд. Ба барнома мавзуи дарс, вазифаи хонагӣ ва баҳои давомоти хонандагон аз ҷониби омӯзгор илова карда мешавад.

Тавассути насби камераҳои назоратии Face ID давомоти хонандагон назорат мешавад

Бо мақсади назорати мунтазам, огоҳонӣ аз омаду рафти хонандагон ва бакорҳозиршавии омӯзгорон дар даромадгоҳи муассисаҳои таълимӣ камераҳои назоратии Face ID насб шудаанд. Технологияи муосир ба ин камераҳои мушоҳидавӣ имкон медиҳад, ки аз рӯйи расмҳои аз қабл дар системаи камера воридгардида чеҳраи хонандагону омӯзгоронро шиносоӣ намуда, лаҳзаи даромадан ба муассиса ва баромадан аз муассисаро сабт намоянд. Барнома ба воситаи Face ID бо мақсади огоҳонӣ аз омаду рафт ба роҳбари муассисаи таълимӣ ва волидайни хонандагон хабар мерасонад.

«eDonish» дар телефонҳои «android» ва «ios» зиёда аз 40 025 маротиба боргирӣ шуд

Дар самти татбиқи барнома дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе корҳои методӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Таҳлили фаъолияти барнома дар ин давра самаранокии татбиқи онро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва назорати пурзӯри раванди таълиму тарбияи насли наврас нишон медиҳад. Чунончӣ, дар ҷамъбасти соли 2024 барномаи мобилии «eDonish»-ро дар телефонҳои «android» ва «ios» зиёда аз 40 025 маротиба боргирӣ намудаанд. Дар маҷмуъ барои 236 008 нафар волидайн саҳифа (аккаунт) кушода шудааст, ки аз сентябри соли 2024   35 214 волидайн аз барнома фаъолона истифода мебаранд.

Ба иттилои директори марказ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии омӯзгорону маъмурон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз барномаи барномаи электронии «eDonish» мунтазам машғулияту тренингҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Чунончӣ, дар шашмоҳаи  аввали соли таҳсили 2024-2025 аз ҷониби масъулин 25 маротиба чунин даврҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар ҷараёни машғулият масъалаҳои татбиқи босамари барнома, омӯзиши имконоти навин, тартиби пур кардани журнали электронӣ, гузоштани баҳоҳои ҷорӣ, чорякҳою баҳои имтиҳонҳо ва дигар масъалаҳои мубрам омӯзонида мешаванд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва назорати ҷараёни амалишавии барномаи электронии «eDonish» утоқи корӣ созмон дода шудааст, ки он бо техникаи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Дар он барои барномасозон, менеҷерони барнома ва мутахассисони техникӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, инчунин маркази тамос (call center)  ташкил шудааст.

Амалӣ намудани имконияти нави барнома, баргузории машғулияти омӯзишӣ бо ҷалби роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва нишон додани аҳамияти гузариш ба низоми рақамии назорати раванди таълим ба он мусоидат намуд, ки фаъолияти омӯзгорон дар барнома нисбат ба соли таҳсили гузашта бамаротиб бештар гардад.

Бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 тавассути «eDonish» амалӣ гардид

Ёдовар мешавем, ки бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳо тавассути барномаи электронии «eDonish» амалӣ карда шуд. Қабули хонандагони синфи 1 тавассути барномаи электронии «eDonish» барои гузариш ба низоми электронии таҳсил қадами муҳим ба шумор меравад. Инчунин механизми электронии бақайдгирӣ бартарияти зиёд дорад, ки ба андешаи мо, муҳимтарини онҳо аз содагардонӣ ва фаврият, таъмини шаффофият, дастрасии мувофиқ дар ҳар вақт ва аз ҳар куҷо, автоматикунонии раванди қабул, сарфаи вақт ва захираҳо, коҳиши хатоиҳо, дастрасии баробар, мусоидат ба раванди маъмурӣ, фароҳам овардани имконият барои ҳама, кам кардани ҳаяҷону стресс ва бойгонии маълумот иборат мебошанд.

«Қабули хонандагон тавассути барнома имкон медиҳад, ки омилҳои берунии халалрасон бартараф гардида, хонандагон дар асоси маҳалли фарогирӣ ва малакаву маҳорат ба муассисаи таълимӣ фаро гирифта шаванд. Дар барнома дар асоси иқтидору зарфияти муассиса бо назардошти забони таълим миқдори ҷойҳо мушаххас шуда, аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва шуъбаҳои маориф дар ноҳияҳои пойтахт тасдиқ мешаванд», -иброз дошт ӯ.

Инчунин бо мақсади гузариш ба низоми пурраи таҳсилоти рақамӣ ва амалӣ намудани журнали электронӣ соли равон дар 20 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе давраи пилотии татбиқи журнали электронии барномаи «eDonish» амалӣ шуд, ки корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Бояд гуфт, ки барнома ба таври автоматӣ рейтинги ҳар хонандаро аз рӯи баҳоҳои гузоштаи омӯзгорон дар миқёси синф, мактаб ва шаҳр муайян мекунад. Инчунин барнома рейтинги омӯзгоронро дар асоси баҳои гузоштаашон муайян менамояд. Баҳо ба хонанда яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти муассисаҳо, омӯзгор, лаёқат ва талоши хонанда, инчунин назорати волидон аст.

Даҳгонаи муассисаҳои фаъол дар барнома муайян мешавад

Ба иттилои Зафар Муродзода, дар анҷоми соли хониш даҳгонаи муассисаҳои фаъол дар барнома, 20 омӯзгори фаъол, 10 хонандаи беҳтарин, 10 волидайни фаъол ва 10 маъмури беҳтарин муайян шуда, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд  гардонида мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Февраль 19, 2025 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад
Олимони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкории Ховари Миёна 2 медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
ЧАРО БАЪЗЕ АЗ НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ХУШК МЕГАРДАНД? Ва ё барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?
ВАТАНРО ЧУН ФИРДАВСӢ БОЯД ДӮСТ ДОШТ! Эҳдо ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем
Оид ба мониторинги ҳуқуқҳои кӯдак тренинги омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» ҷамъбаст гардид
Моҳи май дар Душанбе Форуми «Фонди байналмилалӣ оид ба ҳамкории гуманитарӣ — фарҳангӣ» доир мешавад
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Профессор Муҳаммад Абдураҳмон: «Сано бодо ба модари тоҷик — Ситорабону, ки Сино – нобиғаи асрҳоро ба мо ва аҳли башар тақдим намуд»