ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲИИ ХОНАНДАГОН ОҒОЗ ГАРДИД. Онро чӣ тавр бояд босамар гузаронид?
ДУШАНБЕ, 01.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат таътили тирамоҳӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон то 7 ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модаронро даъват менамояд, ки давоми 7 рӯзи таътил фарзандонро ба хондани асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии онҳо тартиб дода шудааст, ҷалб намоянд.
Бояд иброз намуд, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам намудани шароити мусоиди таълиму тарбия, бунёд, таъмир ва тармими инфрасохтори соҳа — ба монанди китобхонаҳои замонавӣ кӯшишҳои судманд анҷом дода шуданд.
Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани таътил, хонандагон метавонанд ба китобхонаҳо рафта, бо хондани китобҳои шавқовар машғул шуда, донишу ҷаҳонбинии худро сайқал диҳанд. Аз ҷумла, дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон 6386 нусха китоб ҷойгир мебошад, ки аз ин шумора 4148 нусха бо забони тоҷикӣ, 1693 нусха бо забони русӣ, 146 нусха бо забони хориҷӣ, 4 нусха бо забони франсузӣ, 26 нусха бо забони немисӣ ва 116 нусха китоб бо забони англисӣ мебошанд. Кӯдакон ва наврасон ҳамарӯза мустақилона ва бо тавсияи мутахассисони шуъба китоб интихоб намуда, мутолиа менамоянд.
Падару модаронро зарур аст, ки дар таътили тирамоҳӣ назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд.
Дар таътили тирамоҳи волидон фарзандони худро на танҳо ба хондани китоб, балки ба машғулиятҳои варзишию зеҳнӣ метавонанд ҷалб намоянд.
Яке аз сокинони шаҳри Душанбе Гулрухсори Гурез давоми се сол аст, ки фарзандашро ба бозии футбол ҷалб намудааст. «Шавқу ҳаваси фарзандамро ба бозии футбол дида, ӯро дар толорҳои варзишӣ барои тамрин кардан гузоштам. Писари ман ҳоло дар синфи 7-ум мехонад ва алакай нозукиҳои бозии футболро аз худ намудааст. Ба ғайр аз ин, ман пайваста барои писарам китобҳои бадеӣ низ туҳфа мекунам, то ки вақти қимматашро сарфи кори беҳуда накунад», мегӯяд ӯ.
Падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон дар муқобили зуҳуроти манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






