Мутахассисони тоҷик дар чорабинии Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқоти ҳифзи мерос иштирок намуданд

Октябрь 31, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон — шаҳри Тошканд  чорабинии сатҳи баланди Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқоти ҳифзи мерос (ICCROM) таҳти унвони “CollAsia–2025: Мушоҳида, ҳуҷҷатгузорӣ ва ташхиси коллексияҳо” баргузор шуд, ки дар он мутахассисони тоҷик иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.

Ҳамоиш ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории осори фарҳангӣ, мубодилаи таҷрибаҳои касбӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ бахшида шуда, дар он мутахассисон аз  Тоҷикистон, Корея, Мексика, Испания, Италия, Белгия, Булғористон, инчунин намояндагони муассисаҳои фарҳангиву илмии Эквадор, Гурҷистон, Ҳиндустон, Малайзия, Малдив, Қирғизистон, Филиппин, Таиланд ва  Ветнам иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш директори Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фаридун Кенҷазод бо истифода аз либоси миллӣ, туҳфаҳои хотиравии дорои унсурҳои миллӣ ва рунамо,  таърих ва фарҳанги ғании миллати тоҷикро  байни намояндагони беш аз 15 давлати ҷаҳон дар сатҳи шоиста муаррифӣ намуд.

Иштироки мутахассисони тоҷик дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, ки робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо марказҳои пешқадами ҷаҳонӣ боз ҳам густариш ёбанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Октябрь 31, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд