Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Эрон судманд арзёбӣ гардид

Февраль 6, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мулоқот намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳадафи мулоқот аз табодули афкор роҷеъ ба зарфияти мавҷуда ва тақвияти ҳамкорӣ байни воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Эрон иборат буд.

Зимни мулоқот Алиризо Ҳақиқиён оид ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои ҳамкорӣ изҳор дошт, ки «равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон- ин ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг бо саъю талошҳои пайвастаи Сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён сол то сол уфуқҳои тоза касб намуда, рушду равнақ меёбад.

«Бояд гуфт, ки зимни нахустин сафари давлатии Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон, вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ҳошияи сафари давлатӣ бо иштироки сарони давлатҳо- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Зимни он боз 13 санади дигари ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид. Шаби шеъри Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки шоирону адибони ду давлат, Форуми олимон ва пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон ва бозкушоии Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ аз чорабиниҳои муҳими ҳошиявии ин сафари давлатӣ буд»,- иброз дошт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҳамчунин.

Зимни мулоқот Алиризо Ҳақиқиён масъалаҳои мубрам вобаста ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, дурнамои густариши равобит байни давлатҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки ду давлати ба ҳам дӯстро баён дошт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ёдовар шуд, ки аз 3 феврали соли 2025 қоидаҳои нави низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар эътибор пайдо карданд.

Хотиррасон мекунем, ки Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, ки 8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024 тасдиқ гардидааст. Тибқи қарори нави ҳайати вазирони Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон, ки шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ доранд, метавонанд бе раводид ба қаламрави якдигар тавассути роҳи ҳавоӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баръакс сафар намуда, то 30 рӯз дар ҳар давраи 90 рӯз сафар намоянд.

«Қоидаҳои нав шуруъ аз 3 феврали соли 2025 амалӣ гардиданд. Ин иқдом барои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ нақши бориз мегузорад»,-илова намуд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон.

Алиризо Ҳақиқиён инчунин аз суҳбату вохӯрии самимию ошкорои Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ёдовар шуд.

«Дар доираи ин вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҷониби Эрон омода аст дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла табодули таҷрибаи табибон, дорусозӣ, ҷарроҳӣ, пизишкӣ ва дигар самтҳои соҳа ҳамкориро густариш диҳад. Мутахассисони зиёди соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои тиббии Эрон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва онҳо имрӯз бо касбияти баланд ба нафъи мардуми Тоҷикистон хизмат менамоянд»,-гуфт сафир дар идомаи суҳбат.

Дар доираи мулоқот хабарнигорони тоҷик низ вобаста ба ҳамкории дуҷониба ибрози андеша намуданд.

Пешниҳод гардид, ки байни хабарнигорон мубодилаи таҷриба бештар гардида, барномаю гузоришҳои телевизионию радиоӣ дар ҳарду мамлакат пахш шаванд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки мардуми ҳарду давлат бо фарҳанг, мавзеъҳои сайёҳӣ, имконияти сармоягузорию иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон шинос шаванд.

Дар ин раванд фаъолияти пурсамари воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Эрон судманду самарабахш арзёбӣ гардид.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд