«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун 896 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Февраль 10, 2025 11:16

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар вилояти Суғд барои қадршиносии ғолибону дар сатҳи баланд доир намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 896 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки моҳи август даври вилоятии озмун дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ бо ташаббус ва  таҳти таваҷҷуҳу cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун метавонанд иштирок намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2025 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд