Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Ашқобод ташкил гардид

Февраль 20, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар намоишгоҳ ва конфронс бахшида ба Рӯзи кормандони дипломатии Туркманистон, ки дар Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат доир гардид, иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад, дар намоишгоҳ Сафорат гӯшаи Тоҷикистонро бо китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асбоби мусиқӣ, матоъ ва либосҳои миллӣ, ангораҳои санъати кундал ва чӯбтарошӣ, сангҳои нимқиматбаҳо, асарҳои кулолӣ, анвои ширинӣ ва қаннодии анъанавӣ ташкил намуд.

Инчунин наворҳо оид ба имконоти сайёҳию сармоягузорӣ ва таблиғотӣ дар бораи Тоҷикистон манзур шуданд, ки ба тамоми бинандагон писанд омаданд.


АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Февраль 20, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид