Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад

Февраль 21, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 22-27 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм,  рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 21, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид