ИНТИХОБОТ-2025. Доир ба ҷараёни омодагӣ ба интихобот бо ташкилоти ҷамъиятии занон вохӯрӣ доир шуд

Февраль 5, 2025 15:25

ДУШАНБЕ, 05.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятие, ки дар самти занон фаъолият мекунанд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Вобаста ба ин Комиссияи марказӣ тасмим гирифтааст, ки оид ба интихобот дар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо вохӯриҳо баргузор намояд.

Аъзои Комиссияи марказӣ Махфират Хидирзода ва коршиноси комиссия Некрӯз Қодиров оид ба омодагӣ ба интихоботи вакилони халқ ва асосҳои қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот ба ҳозирин иттилоъ доданд. Аз ҷумла, Махфират Хидирзода изҳор намуд, ки «дар қонунгузории интихоботии мамлакат  ҳуқуқи баробари интихоботӣ барои занону мардон кафолат дода шуда, ягон меъёри маҳдудкунанда дар масъалаи интихоб шудану интихоб кардан мавҷуд нест. Ин нишонаи мавҷудияти баробарии воқеӣ дар татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ маҳсуб мешавад».

Иштирокдорони вохӯрӣ иброз доштанд ки интихобот воқеан ҳам чорабинии муҳимми сиёсӣ буда, ҳама дар якҷоягӣ кӯшиш мекунанд, ки онро ба иди воқеии ваҳдату иттиҳод ва ягонагию ҳамдилӣ табдил диҳанд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 5, 2025 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд