ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Ишкошим 8 ҳавзаи вилоятӣ, 10 ҳавзаи ноҳиявӣ ва 127 ҳавзаи ҷамоатӣ ташкил карда шудааст

Февраль 26, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ишкошим барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳавзаи вилоятӣ, 10 ҳавзаи ноҳиявӣ, 127 ҳавзаи ҷамоатӣ ташкил карда шудааст.  Аз шумораи овоздиҳандагон 286 нафарашон маротибаи  аввал иштирок менамоянд.

Тавре муовини раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Санавбар Баҳриев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, комиссияи интихоботии ноҳияи Ишкошим барои ташкилу баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар сатҳи зарурӣ омода гардидааст.

Дар айни замон участкаҳои интихоботӣ бо ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, хонаи модару кӯдак, варақаҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба тарзи баргузории маъракаи интихобот, воситаҳои алоқа, таҷҳизоти электронӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 26, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд