ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар рӯзи интихобот бояд кадом ҳуҷҷатро бо худ дошт?

ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 марти соли равон аз соати 06:00-и субҳ то 20:00-и шаб шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар участкаи интихоботии маҳалли зист (масалан, дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маҳалла) овоз диҳанд. Саволе ба миён меояд, ки дар рӯзи интихобот кадом ҳуҷҷатро бояд бо худ дошт? Дар Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин савол чунин посух доданд:
— Дар рӯзи овоздиҳӣ ба шаҳрвандон доштани бюллетени овоздиҳӣ бо пешниҳоди яке аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, корти иденфикатсионӣ), шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва ё умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва собиқадори меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда), шаҳодатномаи маъюбӣ, билети донишҷӯйӣ, ҳарбӣ) ҳатмӣ аст. Бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бюллетен дода намешавад.
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд. Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот фаъолият менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 2 март интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва 28 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз