ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштирок дар интихобот масъулияти бузурги шаҳрвандӣ аст

ДУШАНБЕ, 16.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи илмҳои сиёсӣ интихобот падидаи муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Албатта, дар давраҳои гуногуни таърихӣ мафҳуми интихобот аз маъное, ки имрӯз ба он медиҳем, фарқ мекард. Бо вуҷуди ин интихобот дар ҳаёти инсоният нақши муҳимро ишғол менамуд. Аз ин рӯ, моҳияти интихобот аз он иборат аст, ки дар он механизмҳои асосии муайян намудани ҳокимияти сиёсӣ ва иштироки халқ дар ҳокимият муайян мегардад.
Ҳаминро бояд гуфт, ки ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб гардидан дар шароите мегузашт, ки ягон ташкилоти сиёсӣ ё органҳои интихоботӣ вуҷуд надоштанд.
Аввалин интихобҳо дар таърихи инсоният ҳанӯз дар асри V пеш аз мелод дар Юнони қадим ба вуҷуд омадаанд. Нишонаҳои интихобот дар асри VI пеш аз мелод дар Империяи Ҳахоманишинон, ки Куруши Кабир (558-530 то м.) аз шахсиятҳои калидии ин сулола мебошад, ба назар мерасад. Дар ин давра шоҳҳо аз рӯи меъёрҳои муайяни ба ҳамон замон хос интихоб мегардиданд. Дар таърихи ислом низ интихобот ба таври гуногун вуҷуд доштааст.
Минбаъд асрҳои миёна давраи суқути интихобҳо дар таърих ба шумор рафта, дар асрҳои XVII—XVIII баъд аз давраи Эҳё дар Аврупо (Ренесанси Аврупо) ба ҳаёти сиёсии ҷомеа ворид гардид. Ин буд, ки соли 1688 интихоботи парлумон дар Англия, соли 1789 қабули Конститутсия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва соли 1792 аввалин интихобот дар Фаронса гузаронида шуданд. Дар Русия соли 1917 баъд аз пирӯзии Инқилоби Октябр интихобот гузаронида шуд.
Ҳамин тариқ, давраҳои пайдоиш ва ташаккули интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ дар раванди таърих хусусияти худро доро буданд.
Ҳамзамон гуфтан бамаврид аст, ки принсипи асосии демократия дар низоми давлатдории муосир интихобот аст. Тавассути интихобот мақомоти гуногуни давлатӣ — парламентҳо, роҳбарони давлатҳо, органҳои судӣ, органҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб ва ташкил карда мешаванд. Интихобот инчунин барои таъсиси органҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ васеъ истифода мешавад.
Интихобот маъракаи сиёсие аст, ки элитаи сиёсии давлатро интихоб ва ташаккул медиҳад, пешвоён ва ходимони сиёсиро дар миқёси миллӣ ва маҳаллӣ муаррифӣ карда, ташаккул медиҳад. Албатта, баргузории интихобот маърифат, фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандонро такмил дода, маданияти сиёсию ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад.
Интихобот дар шароити муосир ҷузъи ҷудонашавандаи раванди сиёсӣ дар ҷомеаҳои муосири демократӣ мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани интихобот на танҳо номзадҳо ба роҳбарии сиёсӣ ё вакилон ба парлумон ба сиёсати бузург дохил мешаванд, балки шаҳрвандони одӣ дар баробари додани раъйи ҳалкунандаи худ ба сиёсат дохил мешаванд ва мутмаинанд, ки нақши худро дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ ва ҷомеа гузоштаанд.
Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи давлатдории худро муайян намуд, ки он «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ имконият фароҳам меорад, ки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ иштирок намоянд. Дар моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад».
Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ буда, интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд.
Чуноне медонем, имсол муҳлати фаъолияти вакилони палумони ҷумҳурӣ — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба охир мерасад, ки он 5 сол муқаррар шудааст. Ин аст, ки 2 марти соли 2025 интихоботи вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад.
Ҳамин тариқ, иштирок дар интихобот масъулияти шаҳрвандӣ аст. Бо додани раъйи худ ба номзади арзанда ҳар шаҳрванд ба ҳаёти сиёсии мамлакат дохил мегардад. Ин далели он аст, ки маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ боло рафтааст ва моро зарур аст, ки барои ободии Тоҷикистон ва ҳаёти шоистаи мардуми он кӯшиш намоем.
Нусратулло ЗОКИРЗОДА,
Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит,
номзади илмҳои фалсафа
АКС: АМИТ «Ховар»