ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштирок дар интихобот нишонаи шинохти масъулияти шаҳрвандӣ аст

Февраль 7, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани  сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва фарҳанги интихоботии  шаҳрвандон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврал дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии аъзо ва коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо кормандони ин ниҳодҳо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар доданд.

Аъзои Комиссияи марказӣ Махфират Хидирзода вобаста ба моҳияти интихобот ҳамчун маъракаи сиёсӣ иброз дошт, ки «интихоботи озоду шаффоф яке аз василаҳои асосии татбиқи принсипи конститутсионӣ дар бораи моҳияти демократӣ доштани давлати Тоҷикистон мебошад».

Номбурда ёдовар шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон низоми интихоботии мувофиқ ба талаботи иҷтимоию сиёсии ҷомеа ташаккул ёфта, тавассути он ниҳодҳои мақомоти намояндагии мамлакат таъсис дода мешаванд.

Коршиноси Комиссияи марказӣ Некрӯз Қодирзода асосҳои қонунгузории интихоботии мамлакатро таҳлил намуда, вобаста ба масъалаи ҳуқуқи интихоботӣ, овоздиҳӣ, интихоб кардану интихоб шудан, вазъи ҳуқуқии номзад ва дигар масъалаҳои вобаста ба он ба иштирокчиён маълумот дод.

Таъкид шуд, ки таъминоти иттилоотии раванди интихобот яке аз масъалаҳои муҳими ташкилу баргузор намудани ин чорабинии муҳимми сиёсӣ мебошад.

АКС: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд