ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Омодагӣ ба интихобот ва иштироки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ баррасӣ шуд

Февраль 10, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал мулоқоти Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Нурлан Сейтимов, ки бо мақсади оғози  фаъолияти ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар доданд, дар  мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба баргузории интихобот, фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, раванди пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ дар ин раванд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нурлан Сейтимов иброз дошт, ки ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои мушоҳидаи дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати раванди интихобот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шуд. Раванди интихоботро дар Тоҷикистон 10  мушоҳид ба таври дарозмуддат ва 120 нафар ба таври кӯтоҳмуддат мушоҳида менамоянд. Онҳо бе дахолат ба кори комиссияҳои интихоботӣ ва раванди интихобот фаъолият мекунанд.

Мушоҳидон ба шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, бо фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон шинос мешаванд. Инчунин 2 марти соли 2025 дар участкаҳои интихоботӣ ҷараёни овоздиҳиро мушоҳида мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд