«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст

Сентябрь 20, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2 сентябри соли 2026 оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба арзёбии фарогири натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028  рӯйдоди муҳим дар рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад. Қарор аст, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид  4-6 майи соли 2028 дар Душанбе баргузор гардад.

Таҳқиқоти анҷомёфта нишон медиҳад, ки дар шароити муосир масъалаҳои об ва иқлим ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои табиӣ ва афзоиши талабот ба об зарурати ташаккули муносибатҳои нави ҳамкории байнидавлатиро ба миён овардааст.

Таҳлилҳо собит намуданд, ки об ҳамчун захираи стратегӣ дар ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим пайдо намуда, метавонад ҳам омили рақобат ва ҳам воситаи таҳкими ҳамкорӣ бошад. Самти рушди минбаъдаи сиёсати ҷаҳонӣ бояд ба истифодаи об ҳамчун воситаи сулҳ, эътимод ва рушди устувор равона гардад.

Қатънома аҳамияти байналмилалии масъалаи обро боз ҳам боло мебарад. Қабули қатънома бо иттифоқи оро нишон медиҳад, ки масъалаи об дигар танҳо масъалаи экологӣ ё захираҳои табиӣ нест. Он ба яке аз масъалаҳои муҳими рушди устувор, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, энергетика, иқтисод ва ҳатто суботи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2028 дар Душанбе барои Тоҷикистон имконияти муҳимест, ки масъалаҳои обро дар рӯзномаи сиёсии ҷаҳонӣ нигоҳ дорад.

«Раванди оби Душанбе» метавонад муҳимтарин натиҷаи стратегии конфронс гардад. Нуктаи ҷолиб дар қатънома он аст, ки барои санади ниҳоии конфронс номи «Раванди оби Душанбе» пешбинӣ шудааст. Агар ин ҳуҷҷат дар раванди музокироти байниҳукуматӣ бо мазмуну уҳдадориҳои мушаххас қабул карда шавад, он метавонад аз доираи як санади миллӣ берун рафта, ба заминаи ҳамоҳангсози сиёсати байналмилалӣ дар соҳаи об табдил ёбад. Ба ибораи дигар, ҳадаф бояд танҳо «гузаронидани конфронс» набошад, балки эҷоди механизми идомаи ҳамкории ҷаҳонӣ пас аз соли 2028 бошад.

Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва ҳамзамон масъулияти бузург аст. Тоҷикистон дар чанд соли охир масъалаи обро ба яке аз самтҳои асосии дипломатияи байналмилалии худ табдил додааст. Қабули чунин қатънома мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар рӯзномаи ҷаҳонии об тақвият медиҳад. Аммо эътирофи байналмилалӣ худ ба худ натиҷаи ниҳоӣ нест. Қадами аз ин ҳам муҳимтар табдил додани ташаббусҳои сиёсӣ ба натиҷаҳои амалӣ мебошад.

Шаш самти муколамаҳои конфронс фарогирии васеи масъалаи обро нишон медиҳанд. Мавзуъҳои «Об барои мардум», «Об барои шукуфоӣ», «Об барои сайёра», «Об барои ҳамкорӣ», «Об дар равандҳои бисёрҷониба» ва «Сармоягузорӣ ба соҳаи об» нишон медиҳанд, ки масъалаи об бояд ба таври комплексӣ баррасӣ шавад.

Махсусан, сармоягузорӣ ба соҳаи об аҳамияти калон дорад. Зеро бисёре аз давлатҳо на танҳо ба сиёсату стратегия, балки ба маблағгузорӣ, инфрасохтор, технологияҳои нав ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ ниёз доранд.

Ҷанбаи геополитикӣ

Аз нигоҳи геополитикӣ, ташаббуси Тоҷикистон дар шароите муҳим аст, ки масъалаи об дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон бо тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва норасоии захираҳои обӣ пайванди мустақим пайдо мекунад.

Дар чунин вазъ Тоҷикистон метавонад худро на танҳо ҳамчун мамлакати дорои захираҳои об, балки ҳамчун платформаи муколамаи байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои об муаррифӣ намояд. Ин барои сиёсати хориҷии давлат аҳамияти дарозмуддат дорад.

Чолишҳои асосӣ

Бо вуҷуди ин, бояд ба як масъалаи муҳим таваҷҷуҳ кард: муваффақияти Конфронси Душанбе-2028 на танҳо аз сатҳи намояндагии давлатҳо, балки аз натиҷаҳои воқеии он муайян карда мешавад.

Барои он ки «Раванди оби Душанбе» таъсири дарозмуддат дошта бошад, зарур аст:

-ҳадафҳои мушаххас ва ченшаванда муайян шаванд;

-манбаъҳои маблағгузорӣ пешбинӣ гарданд;

-нақши давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ равшан бошад;

-механизми пайгирии иҷрои қарорҳо вуҷуд дошта бошад;

-ҳамкории мамлакатҳои болооб ва поёноб тақвият ёбад;

-илм, технология ва таҷрибаи нав дар идоракунии об бештар истифода шавад.

Ба назари мо аҳамияти асосии қатъномаи қабулшуда дар он аст, ки Душанбе аз макони баргузории конфронс ба нуқтаи эҳтимолии ташаккули рӯзномаи нави ҷаҳонии об табдил меёбад.

Агар Тоҷикистон тавонад дар раванди омодагӣ ба соли 2028 манфиатҳои гуногуни давлатҳоро ба ҳадафи муштарак пайванд диҳад, «Раванди оби Душанбе» метавонад ба яке аз натиҷаҳои муҳимтарини дипломатияи байналмилалии об дар охири Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» табдил ёбад.

Аз ин рӯ, вазифаи асосии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ танҳо омодагӣ ба баргузории як ҳамоиши байналмилалӣ нест; вазифаи муҳимтар — омода кардани рӯзномаи амалии ҷаҳонӣ барои об пас аз соли 2028 мебошад. Ин аст нуқтаи асосии арзиши стратегӣ ва таърихии конфронси Душанбе.

Чаро маҳз Душанбе?

Аммо дар паси як саволи расмӣ — «конфронс дар куҷо баргузор мешавад?» саволи дигари сиёсӣ низ вуҷуд дорад: чаро маҳз Душанбе? Ҷавоб ба ин савол танҳо дар ҷуғрофия ё омодагии техникии пойтахти Тоҷикистон нест. Интихоби Душанбе натиҷаи раванди чандсолаи дипломатӣ мебошад ва дар он якчанд омилҳо ба ҳам омадаанд.

Пеш аз ҳама, бояд як фарқияти муҳим равшан бошад. Конфронси соли 2028 конфронси Созмони Милали Муттаҳид аст. Мақсади асосии он ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии об, арзёбии пешрафтҳо ва камбудиҳо ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, натиҷаҳои Даҳсола на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷомеаи байналмилалӣ низ дахл доранд.

Аммо маҳз дар ҳамин ҷо аҳамияти интихоби Душанбе барои Тоҷикистон пайдо мешавад. Тоҷикистон соҳиби ин раванд нест, балки мизбони он ва яке аз давлатҳои фаъол дар дипломатияи ҷаҳонии об мебошад. Ин фарқият муҳим аст, зеро аҳамияти воқеии Тоҷикистонро кам намекунад, балки онро воқеъбинона нишон медиҳад.

Душанбе ба маркази дипломатияи оби сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт. Интихоби Душанбе ноогаҳона набуд. Тоҷикистон солҳои зиёд масъалаи обро дар сатҳи байналмилалӣ пайгирона пеш мебарад. Яке аз намунаҳои муҳим «Раванди оби Душанбе» мебошад, ки ҳамчун платформаи муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ташаккул ёфтааст. Ҳамин таҷриба нишон дод, ки Душанбе метавонад масъалаҳои обро на танҳо дар доираи миллӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ ба муҳокима гузорад.

Соли 2023, ҳангоми Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк Тоҷикистон пешниҳод кард, ки конфронси ҷамъбастии Даҳсолаи об дар соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор шавад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ин пешниҳоди Тоҷикистонро истиқбол намуд. Аз ин рӯ, қарори соли 2028 натиҷаи сиёсати пайвастаи дипломатӣ мебошад, на интихоби тасодуфии як шаҳри дигар.

Интихоби Душанбе маънои эътирофи Тоҷикистонро дорад. Аммо бояд дақиқ гуфт, ки чӣ гуна эътироф. Интихоби Душанбе маънои онро надорад, ки Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ҳамчун давлате интихоб кардааст, ки гӯё натиҷаҳои даҳсоларо таъмин намудааст. Эътироф бештар ба фаъолияти дипломатӣ ва ташаббускории Тоҷикистон дар масъалаи об пайвастагӣ  дорад.

Давоми солҳои охир Тоҷикистон тавонист масъалаи обро ба яке аз самтҳои намоёни сиёсати хориҷии худ табдил диҳад. Пешниҳодҳои марбут ба об, пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа пайваста дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид матраҳ шудаанд. Аз ин ҷиҳат, интихоби Душанбе паёми муайян дорад: давлатҳои хурду миёна низ метавонанд дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ нақши ташаббускор дошта бошанд.

Омили дигар  худи табиати Тоҷикистон аст. Дар интихоби Душанбе як ҷанбаи дигар низ нақш дорад дорад. Тоҷикистон мамлакати кӯҳистон аст. Қисми зиёди захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ бо экосистемаҳои кӯҳӣ, пиряхҳо ва барфҳои кӯҳистон алоқаманданд.

Ҳамин тавр, Душанбе метавонад барои муҳокимаи масъалаи об як нуқтаи ҷуғрофию сиёсии муносиб бошад: масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, энергетика, кишоварзӣ ва рушди устувор дар ин минтақа ба ҳамдигар пайванди мустаҳкам доранд.

Аз ин рӯ, баргузории ҷамъбасти Даҳсолаи об дар Душанбе метавонад паёми муҳим дошта бошад: мушкилоти оби ҷаҳонро бояд аз таҷрибаи минтақаҳои гуногун, аз ҷумла давлатҳои кӯҳӣ ва рӯ ба рушд низ омӯхт. Аммо сабаби асосӣ — омезиши ташаббус ва таҷриба аст.

Агар ҳама омилҳоро якҷо кунем, мантиқ чунин менамояд: Тоҷикистон ташаббус нишон дод,  солҳои зиёд дар дипломатияи об фаъол буд, таҷрибаи баргузории ҳамоишҳои байналмилалии обро пайдо кард, Душанбе ҳамчун платформаи муколама шинохта шуд, Тоҷикистон омодагии мизбониро пешниҳод намуд ва  ҷомеаи байналмилалӣ ин пешниҳодро пазируфт.

Тоҷикистон дар натиҷаи дипломатияи пайваста тавонист Душанберо ба яке аз майдонҳои шинохташудаи муколамаи байналмилалӣ оид ба об табдил диҳад ва пешниҳоди мизбонии конфронси ҷамъбастии Даҳсоларо ба қарорҳои  Созмони Милали Муттаҳид ба расмият расонад. Ин ба воқеияти дипломатӣ наздиктар аст.

Ба назари мо, аҳамияти воқеии конфронс барои Тоҷикистон дар ин ҷо оғоз мешавад. Соли 2028 ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба саволҳои муҳим ҷавоб диҳад: Даҳсолаи об чӣ дод? Кадом ҳадафҳо иҷро шуданд? Кадом вазифаҳо иҷро нашуданд? Ва баъд аз соли 2028 чӣ бояд кард?

Саволи сеюм метавонад барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дошта бошад. Зеро Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар асоси натиҷаҳои Даҳсола «Раванди оби Душанбе» ҳамчун заминаи идомаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об ташаккул дода шавад. Дар ин ҷо нақши Тоҷикистон аз мизбонӣ фаротар рафта метавонад. Агар натиҷаи ниҳоии конфронс танҳо як гузориши ҷамъбастӣ набошад, Душанбе мизбони марҳилаи ниҳоии Даҳсола хоҳад буд.

Аммо агар конфронс тавонад меъмории нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об барои давраи баъди соли 2028-ро муайян кунад ва «Раванди оби Душанбе» дар он ҷойгоҳи муносиб пайдо намояд, дар ин ҳолат Душанбе метавонад ҳамчун номи як марҳилаи нави дипломатияи ҷаҳонии об низ боқӣ монад.

Ин ҷо як имконият ва як масъулият вуҷуд дорад. Барои Тоҷикистон интихоби Душанбе ҳамзамон имконият ва масъулият аст. Имконият барои нишон додани таҷрибаи давлат, таҳкими дипломатияи об ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ. Масъулият барои он ки мамлакат ҳамчун мизбон бояд тавонад манфиатҳои гуногуни давлатҳоро ба гуфтугӯи созанда пайванд диҳад. Махсусан дар масъалаи об ин осон нест. Манфиатҳои давлатҳои дорои захираҳои зиёд, ҷумҳуриҳои камоб, давлатҳои болооб ва поёноб, кишварҳои рӯ ба рушд ва давлатҳои пешрафта метавонанд аз ҳам фарқ кунанд. Аз ин рӯ, қувваи дипломатии Душанбе бояд дар қобилияти ба ҳам овардани ин манфиатҳои гуногун зоҳир шавад.

Паёми геополитикии Душанбе

Дар сатҳи васеътар интихоби Душанбе як паёми дигар ҳам дорад. Солҳои охир масъалаи об аз мавзуи сирф экологӣ ба масъалаи рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, энергетика, тандурустӣ, муҳоҷират, тағйирёбии иқлим ва суботи минтақаҳо табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, баргузории конфронси ниҳоии Даҳсолаи об дар пойтахти як давлати Осиёи Марказӣ метавонад диққати бештарро ба минтақае ҷалб кунад, ки масъалаи об барои он аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Ин метавонад барои Тоҷикистон низ имконияти дипломатӣ бошад: Душанбе метавонад на танҳо дар бораи мушкилоти оби Тоҷикистон, балки дар бораи масъалаҳои оби ҷаҳон аз минбари ҷаҳонӣ сухан гӯяд.

Пас, ба саволи «Чаро маҳз Душанбе?» ҷавоби ягона додан дуруст нест. Душанбе интихоб шудааст, зеро дар як нуқта якчанд омил ба ҳам расидаанд: ташаббускории Тоҷикистон, дипломатияи чандсолаи об, таҷрибаи «Раванди оби Душанбе», пешниҳоди расмии мизбонӣ ва пазируфта шудани он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ.

Аммо муҳимтар аз худи интихоби Душанбе он аст, ки Душанбе дар соли 2028 чӣ гуна натиҷаи сиёсӣ хоҳад дод.

Конфронс танҳо ба Тоҷикистон тааллуқ надорад, он ба тамоми ҷомеаи байналмилалӣ тааллуқ дорад. Даҳсола низ Даҳсолаи ҷаҳонӣ аст. Вале Тоҷикистон имконият дорад, ки аз мақоми мизбон истифода карда, дар масъалаи муҳимтарини давраи баъди Даҳсола, баъд аз соли 2028  нақши фаъол дошта бошад. Аз ин рӯ, метавон чунин хулоса кард: Душанбе нуқтаи анҷоми Даҳсолаи об нест, он метавонад нуқтаи оғози гуфтугӯи нави байналмилалӣ дар бораи ояндаи ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об гардад.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 20, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир