ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд

Февраль 12, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд.

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар ба қайд гирифта шуд:

Шермуҳаммад Шоҳиён, таваллудаш соли 1962, то 3 феврали соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Матробиён Саодатшо Қосимзода, таваллудаш 1973, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, таваллудаш соли 1989, то моҳи январи соли 2025 муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷид, таваллудаш соли 1982, то моҳи январи соли 2025 сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, таваллудаш соли 1979, муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон

Маҳмудзода Аҳмад Маҳмуд, таваллудаш соли 1974, муовини директори генералии Ширкати «Транс Таджик Газ Пайплайн Компани Лимитед», сокини шаҳри Душанбе

Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф, таваллудаш соли 1983, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Набизода Тоҳир Толиб, таваллудаш соли 1981, профессори кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, таваллудаш соли 1984, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе

Ҷалолзода Миршакар Саид, таваллудаш соли 1987, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

Бобоиён Мадина Абдуяқинзода, таваллудаш соли 1982, муовини раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд

Муродуллозода Дилноза Муродулло, таваллудаш соли 1983, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

Абдулмаинзода Зарина Қадамшо, таваллудаш соли 1975, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Сафарзода Хуршед Ҳайдар, таваллудаш соли 1986, директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода», сокини шаҳри Душанбе

Иброҳимзода Зафаршо Сафо, таваллудаш соли 1972, директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Ғафорзода Ҷонона Ғафор, таваллудаш соли 1988, декани факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, сокини шаҳри Душанбе

Шодиён Исматулло Раҳматуллозод, таваллудаш соли 1979, котиб – ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, таваллудаш соли 1975, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе

Қодирзода Фарҳод Анвар, таваллудаш соли 1985, профессори кафедраи факултети молиявӣ ва иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Қосимӣ Назокат Шералӣ, таваллудаш соли 1983, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияиА.Ҷомии вилояти Хатлон, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон

Каримзода Мирзоқосим, таваллудаш соли 1984, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Неъматзода Насрулло Исматулло, таваллудаш соли 1983, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш, сокини ноҳияи Лахш

Ҳамидиён Орзу Зубайдулло, таваллудаш соли 1987, муовини раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Усмонзода Аюб Ислом, таваллудаш соли 1972, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Суярова Сарвиноз Ҷумъаевна, таваллудаш соли 1983, мудири кафедраи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо номи Шириншоҳ Шоҳтемур, сокини шаҳри Душанбе

Шарифзода Фарангис Худоӣ, таваллудаш соли 1970, директори Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Азимзода Азимҷон Бахтиёр, таваллудаш соли 1992, муовини раиси шаҳри Турсунзода, сокини шаҳри Турсунзода

Эшбуризода Баҳридин Эшбурӣ, таваллудаш соли 1981, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 3 нафар ба қайд гирифта шуд:

Шаҳбози Аброр, таваллудаш соли 1990, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази дӯстӣ – Интернет – кафе» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе

Мирзоева Зуҳро Акобировна, таваллудаш соли 1950, нафақагир, сокини шаҳри Душанбе

Сайҷаҳфаров Илёс, таваллудаш соли 1952, омӯзгори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, сокини ноҳияи Рашт

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ба қайд гирифта шуд:

Абдуллоев Мироҷ Санонович, таваллудаш соли 1948, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Почоев Иномҷон Исломбоевич, таваллудаш соли 1971, роҳбари Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Мирасанова Заррагул Боваровна, таваллудаш соли 1955, котиби Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Ҳасанов Отахон Фатоҳевич, таваллудаш соли 1960, котиби якуми сохтори Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе

Умарзода Абдуҷаббор Қаҳор, таваллудаш соли 1969, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон

Рўйхати номзадҳо аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар ба қайд гирифта шуд:

Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод, таваллудаш соли 1976, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Ҳақназарзода Фирўз Ғоибфар, таваллудаш соли 1968, сармуҳаррири рўзномаи «Навиди Кўлоб», сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Маҷидзода Сарвиноз Комил, таваллудаш соли 1986, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Ализода Зафари Аҳмадҷон, таваллудаш соли 1977, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Солизода Наима Шодибой, таваллудаш соли 1990, мудири кафедраи Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Изатуллозода Эмомалӣ, таваллудаш соли 1987, мутахассиси пешбари марҳилаи дуюми Барномаи иқлими сабз дар ноҳияи Данғара, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

Абдураҳмонзода Абдусалом Абдураҳмон, таваллудаш соли 1968, сармутахассиси шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав, сокини ноҳияи Шаҳринав

Бобозода Комил Олимҷон, таваллудаш соли 1987, ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Зувайдова Шарбону Ҳисаиновна, таваллудаш соли 1970, омўзгори Муассисаи таълимии №28 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе

Раҳматзода Рустам, таваллудаш соли 1960, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Шарифзода Баҳром Маҳмуд, таваллудаш соли 1964, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Мусоев Фарҳод Маҳмадрасулович, таваллудаш соли 1986, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “САФОБАХШ ИНШООТ”, сокини шаҳри Душанбе

Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, таваллудаш 6 июли соли 1978, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Ҳисор

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар ба қайд гирифта шуд:

Латифзода Рустам Барот, таваллудаш соли 1960, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Икромӣ Фазлиддин Маҳмазоит, таваллудаш соли 1966, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло, таваллудаш соли 1975, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Холбойзода Неъматулло Холбой, таваллудаш соли 1972, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Ниязов Нуралӣ Сафарович, таваллудаш соли 1965, Раиси Шурои директорони ҶСП «ТАДЭС», сокини шаҳри Душанбе

Қодиров Бобоҷон Мақсудович, таваллудаш соли 1991, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд

Мирзозода Музаффар Бурҳон, таваллудаш соли 1970, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон, сокини шаҳри Душанбе

Исоқов Муродҷон Толибҷонович, таваллудаш соли 1986, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи “ДДБҲСТ”, сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд

Усмонзода Мансур Салом, таваллудаш соли 1961, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Ҳотамова Муҳайё Ғафуровна, таваллудаш соли 1989, сармуаллими Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Абдуллозода Одилҷон Пардаалӣ, таваллудаш соли 1982, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, сокини шаҳри Ҳисор

Аюбов Сино Хайруллоевич, таваллудаш соли 1986, сардори Раёсати кишоварзӣ дар ноҳияи Рўдакӣ, сокини ноҳияи Рўдакӣ

Шоназар Ҷилваи Муносиб , таваллудаш соли 1981, сардори шуъбаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон

Рўйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба қайд гирифта шуд:

Ҳалимзода Ғулом Ғанӣ, таваллудаш соли 1983, сармуҳосиби «Амир Зия», сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Аҳмадзода Муртазо Содиқ, таваллудаш соли 1973, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе

Саидошурова Давлатхоним Луқмоншоевна, таваллудаш соли 1979, мудири кафедраи забонҳои Муассисаи давлатии «Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон», сокини шаҳри Душанбе

Раҷабова Меҳринисо Нуралиевна, таваллудаш соли 1976, духтури дандон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нозимиён», сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Юсупов Маъруф Мадалихоҷаевич, таваллудаш соли 1962, муовини директори Корхонаи давлатии коммуналии «Биржаи молу мулки вилояти Суғд», сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Аброқулова Майсара Донабоевна, таваллудаш соли 1978, духтури дандон дар Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №4»-и шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе.

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзадҳои бақайдгирифташуда шаҳодатномаи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот дода шуд.

АКС: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 12, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Он падидаи муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад
Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода: «Дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст»
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати мушоҳидони ИДМ мулоқот баргузор гардид
Мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба муддати дароз назорат мекунанд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Омодагӣ ба интихобот ва иштироки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ баррасӣ шуд
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид
ДАР 28 ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ-36 УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ. Вобаста ба тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи Тоҷикистон маълумот дода шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштирок дар интихобот нишонаи шинохти масъулияти шаҳрвандӣ аст
ИНТИХОБОТ-2025. Доир ба ҷараёни омодагӣ ба интихобот бо ташкилоти ҷамъиятии занон вохӯрӣ доир шуд