ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд

Февраль 10, 2025 14:00

ШАҲРИНАВ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба таъмини фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар ноҳияи Шаҳринав ба ҳолати якуми январи соли равон 91,1 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахсони ҳуқуқӣ ва 86,4 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд. Дар ноҳия шумораи постерминалҳо ба 26 адад ва QR-рамзҳо ба 52 307 адад расонида шуд. Ин матлаб зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Шаҳринав баён гардид.

Тибқи ҳисобот, 53 ҳазору 753 нафар сокинони ноҳия дорандаи корти бонкӣ мебошанд, ки 64 фоизи аҳолии калонсолро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда 11 фоиз аз меъёри муқарраршуда зиёд аст.

Тавре дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, бо мақсади беҳтар намудани вазъият ва иҷрои талаботи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар 7 муассисаи томактабии ноҳияи Шаҳринав 809 кӯдак ва дар 72 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдаки назди 48 муассисаи таълимии ноҳия 1804 нафар кӯдакони 5-6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Шаҳринав 34 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Шаҳринав ба 55,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар айни замон дар ноҳия 31 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 6 адади он бо сабабҳои гуногун фаъолият накард. Инчунин соли 2024 се корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо 16 ҷойи кор ба истифода дода шуд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад