«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардида, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.
Соли равон озмун дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи бештари ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллию маҳаллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти расму суннатҳои миллии ниёгонамон ва ба ин васила баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ дар байни занону духтарон баргузор гардид.
«Занону духтарони тоҷик посдорандаи анъанаҳои неки ниёгон ва кадбонуҳои моҳири замон мебошанд, ки ҳунари таомпазиро хуб доро буда, онро ба насли имрӯз ба мерос мемонанд»,-гуфта шуд зимни баргузории озмун.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтарин ва нодиртарин суннатҳои фарҳангӣ-миллии тоҷикон дар муносибат ба кадбонугӣ, дастархонороӣ ва маърифати оиладорӣ дубора эҳё гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҳамасола дар асоси ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани санъати пухтани таомҳои миллӣ гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






