«КОРВОНИ ДИДОР». Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Февраль 20, 2025 13:26

ДУШАНБЕ, 20.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои истиқболи ҷашни 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии афсарону аскарони қисми низомӣ ва таҳкими робитаи зич байни хонаводаҳо ва қувваҳои низомӣ гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба афсарону сарбозон ёдоварӣ шуд. Иброз гардид, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба Ватан хизмат кардан мехоҳанд, зиёд мешавад. Ҳамаи ин натиҷаи дастгириҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Аз ин рӯ ҷавонон бояд донанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.

Дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра афсарону аскарони шуҷои Ватан барои нишон додани ҷасорату мардонагӣ дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Февраль 20, 2025 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Суғд бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«ВАТАНПАРВАР». Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишию ҳарбӣ баргузор шуд
Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад
Дар Норак даври шаҳрии озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» ҷамъбаст шуд
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем
ЯК РӮЗИ ҲАЁТИ САРБОЗ. Дар қисмҳои низомӣ барои хизмати ҳарбӣ шароит муҳайё мебошад
Афсарону сарбозон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид