МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боқило давои бемории диабети қанд аст

Февраль 28, 2025 08:34

ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Боқило яке аз зироати лӯбиёгӣ мебошад. Табибон истеъмоли онро барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, илтиҳоби роҳҳои болоии нафас ва хунпартоӣ тавсия медиҳанд. Дар тибби халқӣ ба сифати давои бод­рон истифода мешавад. Марҳами аз орди боқило таҳиякардаро ба ҷароҳат, доғи кунҷитак ва хуномос мебанданд. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 1 феврал бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардид. Сокини шаҳри Душанбе Дилшод Салимзода ба ин ҷашн маҳз барои харидории боқило омада буд.

Тавре Дилшод Салимзода дар суҳбат бо мо гуфт, ӯ ба ин гуна ҷашнҳои кишоварзӣ махсус барои харидани боқило меояд. Зеро навъи боқилои маҳаллӣ барои бемории диабети қанд хеле давобахш аст.

«Ман чанд сол аст, ки ба бемории диабети қанд гирифторам. Аз ин намоиши кишоварзӣ боқилои маҳаллӣ харида, аз он таом омода намуда, истеъмол менамоям. Боқило сатҳи қандро дар хун хеле паст менамояд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дар тибби муосир гулу тухму ғилофаки боқило истифода мешавад. Дони боқило пешобро меронад, таъсири афисӣ ва зиддиилтиҳобӣ дорад. Нақеъ ва ҷӯшоби ғилофаки он барои илоҷи диабети қанд муфид аст. Бо дони пухтаи боқило бемориҳои ҷигар, гурда ва роҳи меъдаю рӯдаҳо табобат карда мешавад. Дони дар шир пухта ва сипас соида майдакардаи онро ба захми пӯст гузошта мебанданд, ки давои хуб мебошад.

Дар маҳаллаҳои гуногуни Тоҷикистон аз ин навъи зироат таоми махсус омада менамоянд.

Яке аз ин таомҳо- ин боқилаҷӯшак мебошад. Боқилаҷӯшак таоми маъмулии мардуми ноҳияи Айнӣ ба шумор рафта, онро дар фасли баҳор зиёдтар омода менамоянд. Сокинон то пухта расидани боқилои нав аз ҳосили боқилои як сол пеш хушконидаашон истифода мебаранд.

Боқилаҷӯшакро аз донаи боқило ва зирбак омода мекунанд. Аз картошка, сабзӣ, пиёз, помидор ва занҷабили булғорӣ зирбак омода менамоянд. Об андохта, боқилоро низ бо он омехта месозанд. Боқило пеш аз он ки чун таом омода гардад, бояд як шабонарӯз дар оби ширгарм тар карда шавад, зеро донаи боқило сахт буда, дер мепазад.

Боқило асосан дар мамлакатҳои Баҳри Миёназамин, Аврупои Ғарбӣ, Амрико, Афғонистон ва Ҳиндустон кишт меша­вад. Дар Тоҷикистон онро дар заминҳои обии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мекоранд.

Боқило қариб 100 навъ дошта, аз рӯйи аҳамияти хоҷагӣ ба 2 гурӯҳ-полезӣ ва хӯроки чорво ҷудо мешавад. Боқилои хӯро­ки чорво сербаргу поя ва резадона аст. Он ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб ва витамин дорад. 1 килограмм дони боқилои хӯроки чорво ба ҳисоби миёна 1,15 воҳиди хӯрокӣ буда, аз 237 грамм протеини ҳозима, 1,5 грамм Са, 4 г Р ва баргу пояи сабзаш аз 21 грамм иборат аст.

Боқилоро бештар дар заминҳои сернаму ҳосилхез мекоранд. Дар шароити Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳар гектар то 20-30 сентнер дон ва 300-400 сентнер баргу пояи сабз мегиранд. Кишти боқило хокро сернитроген мегардонад. Дар давраи гулшукуфт даравидани боқило хошоки хуб медиҳад.

Барои рушду инкишофи боқило (хусусан дар айёми гулшукуфт) намии фаровон зарур аст. Дар ҳолати кофӣ набудани нам гулу ғӯраки он мерезад. Дар Бадахшон боқилоро баъди гандуму ҷави баҳорӣ мекоранд. Барои рӯёнидани ҳосили баланд ба кишти боқило нуриҳои органикию минералӣ, хусусан фос­фор андохтан муҳим аст. Нигоҳубини кишти боқило мисли нигоҳубини лӯбиё ва мош мебошад.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 28, 2025 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд