Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд

Февраль 10, 2025 17:15

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода бо муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ Нурлан Сейтимов, ки бо мақсади оғози фаъолияти ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди мамлакат ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори шаффоф ва дар доираи қонун баргузор гардидани интихобот буда, шахсони соҳибтаҷриба, ташаббускор ва дурандешу донишмандро ба мақоми олии қонунбарор – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ намудааст, то дар панҷ соли оянда ба Ватан, давлат ва ҷомеа содиқона хизмат намоянд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба интихоботи дарпешистода бо барномаи худ, ки фарогири тамоми масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ва давлат аст, ворид мегардад. Дар посух ба саволи меҳмонон, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз кадом роҳу воситаҳои таблиғотӣ дар интихобот истифода менамояд, Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки дар баробари матбуоти даврӣ мо имрӯз бо назардошти рушди воситаҳои иттилоотӣ аз тариқи сомонаҳои интернетию шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғотро вусъат бахшидаем. Ҳамзамон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалу минтақаҳо номзадҳои мо бо мардум суҳбати рӯ ба рӯ анҷом дода, мазмуну моҳияти Барномаи ҳизб ва нақшаҳои минбаъдаамонро, ки фарогири ҳалли мушкилоти аҳолӣ мебошанд, амалӣ менамоем.

Нурлан Сейтимов иброз дошт, ки ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои мушоҳидаи дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати раванди интихобот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шуда, раванди интихоботро дар Тоҷикистон 10 нафар мушоҳид ба таври дарозмуддат ва 120 нафар ба таври кӯтоҳмуддат мушоҳида менамоянд. Онҳо бе дахолат ба кори комиссияҳои интихоботӣ ва раванди интихобот фаъолият мекунанд.

Муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи мулоқот бо Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос шуда, ба суолҳои худ посух гирифт.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Февраль 10, 2025 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?