Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо иқтидор ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Исфаҳони Эрон шинос шуданд

Февраль 14, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон (Tehran International tourism and Related Industries Exhibition) намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидор ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Аз ҷумла дар шаҳри Исфаҳон намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо фаъолияти растаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ шинос шуда, бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ вохӯриҳо анҷом доданд.

Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ ва боздид намудан аз имкониятҳои сайёҳии ҳамдигар мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин дар доираи вохӯриҳо ширкати сайёҳии «King Tour»-и Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии «Shokouh Iranian»-и Эрон ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки Исфаҳон бо таърихи бой, фарҳанги қадима, меъмории нотакрор ва мероси фарҳангиаш байни шаҳрҳои Эрон машҳур аст. Иқтидори сайёҳии он бузург буда, ҳамасола сайёҳони зиёдеро ҷалб мекунад.


Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо иқтидори сайёҳии шаҳри Шероз низ, ки бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр мебошад, шинос мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 11 то 14 феврал ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон иштирок намуд.

Дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он имконоти сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда шуд.

Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯриҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон дар шакли соҳибкор бо соҳибкор доир шуда, зимни онҳо масоили ифтитоҳи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон баррасӣ гардид.

Ҳамзамон 11 феврал Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намуд.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Февраль 14, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ