НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Хадамоти иҷро зиёда аз 44 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ баррасӣ гардид

Февраль 5, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 ҳазору 904 мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ин шумора 42 ҳазору 567 ададашро санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ташкил медиҳанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода иттилоъ дод.

Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 35 ҳазору 341 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 239 миллиону 848 ҳазору 800 сомонӣ, 178 миллиону 162 ҳазору 15 тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон, 900 ҳазору 817 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 70 ҳазор евро, 12 ҳазору 411 рубли Федератсияи Русия ва 720 лейи Ҷумҳурии Молдова таъмин гардид. Аз ин шумора ба манфиати давлат 22 ҳазору 976 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 335 миллиону 19 ҳазору 256 сомонӣ ворид гардида, иҷрои воқеии 18 ҳазору 590 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 127 миллиону 42 ҳазору 456 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 71 миллиону 54 ҳазору 578 сомонӣ зиёд мебошад.

Ба манфиати шахсони ҳуқуқии давлатӣ ва ғайридавлатӣ 759 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 63 миллиону 154 ҳазор сомонӣ, 669 ҳазору 869 доллари ИМА, 178 миллиону 89 ҳазору 90 ҳазор тенгеи Қазоқистон ва 70 ҳазор евро рӯёнида шудааст.

Ба манфиати шахсони воқеӣ 260 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 45 миллиону 894 ҳазор сомонӣ ва 145 ҳазору 475 доллари ИМА ситонида шуд.

Соли 2024 ба Хадамоти иҷро 11 ҳазору 283 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмуъ 103 ҳазору 392 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 32 миллиону 714 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд