НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 13 лоиҳаи илмӣ татбиқ гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 13 лоиҳаи илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гардид. Инчунин 2 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби гранти Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Нуриддин Муҳиддин имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз рӯйи 40 ихтисос мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва докторантура омода карда мешаванд. Аз соли таҳсили нави 2024-2025 аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо дар постдоктурантура тайёр кардани доктор ҳабилитат оғоз шуд.
Доктори ҳабилитат — дараҷаи олии академие мебошад, ки ба шахсони барномаи постдокторантураро аз рӯи ихтисоси муайян азхуднамуда баъд аз ҳимояи рисолаи илмӣ дода мешавад.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз соли нави таҳсили 2025-2026 ду ихтисоси нав – «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» ба барномаи таълимӣ илова мегардад. Ин ихтисосҳо бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ин соҳаҳои муҳим қадами нав маҳсуб мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






