НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор зан ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иштироки фаъоли занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат таъмин гардида, ба ҳолати 1 январи соли 2025 аз шумораи умумии 18 ҳазору 801 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда, 4 ҳазору 849 (25,8 %) нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз шумораи умумии 5 ҳазору 955 нафар 1 ҳазору 146 (19,2 %) нафар занон фаъолият доранд. Дар ин хусус имрӯз, 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Кумита дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030» барои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи мудирият ва таҳлилгарии хизматчиёни давлатӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтарон соли 2024 дар 13 вазорату идораи давлатӣ даврҳои омӯзишӣ баргузор намуд»,-иброз дошт раиси кумита.
Инчунин барои занон-хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила омӯзонидани на кам аз 2 забони хориҷӣ, маҳорати суханварӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коргузорӣ дар идораи давлатӣ, барои кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва занону духтарони вазорату идораҳо даври омӯзишии ройгон, барои занону духтарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даври омӯзишии «Малакаи роҳбарӣ, «Мактаби сарварӣ», барои намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ маҳфили доимамалкунандаи «Зан-роҳбар» ва барои донишҷӯдухтарони фаъолу аълохон ва лаёқатманди донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат даври омӯзишии «Мактаби сарварони ҷавон» гузаронида шуд.
Чорабиниҳои баргузорнамуда бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — барои то соли 2030 аз ҳисоби занон ва духтарони болаёқат ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда доир шуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






