НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад

Февраль 5, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаҳо ба имзо расонида, бо якчанд маркази таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкории самарабахш дорад, ки ин аз обрӯ ва нуфузи ин ниҳод дарак медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода иттилоъ дод.

Ба иттилои Хайриддин Усмонзода, пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо авлавияти асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳими давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. «Соли 2024 Маркази тадқиқоти стратегӣ бо ниҳодҳои таҳлилии Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланжоу, Институти илмӣ-таҳқиқотӣ-иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонид»,-гуфт Хайриддин Усмонзода.

Иброз гардид, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи мавқеи сиёсати давлатии давлатамон аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби тарафайни кишварҳо дар фаъолияти марказ муҳим арзёбӣ мегардад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маркази таҳлилии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Форуми Созмони ҳамкории Шанхай, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, Маркази Созмони Милали Муттаҳид доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 барои омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон роҳбарияти марказ аз тамоми имконият истифода бурда, шароити хуб муҳайё намуд, то онҳо ба таври пайваста сатҳи илмию тахассусии худро дар берун ва дохилӣ мамлакат такмил диҳанд.

Хайриддин Усмонзода изҳор намуд, ки дар робита ба омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба замони имрӯза 4 корманд дар дохил ва 3 нафар дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бозомӯзӣ ва баланд бардоштани касбият фаро гирифта шуданд. «Бештари кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ аз ҳисоби ҷавонон донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд. Дар марказ даври доимамалкунандаи омӯзиши забони англисӣ ташкил карда шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд