НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соҳибкорони шаҳри Кӯлоб ба маблағи 29 миллион сомонӣ иншооти таъйиноти гуногун сохтанд

Февраль 7, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи беш аз 29 миллион сомонӣ иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматии баландошёна, фермаҳои парвариши чорвои хурду калон ва парандапарварӣ, сардхонаҳо, пул ва муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуда, ҳамзамон роҳҳо таъмир шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иттилоъ дод.

Дар шаҳри Кӯлоб 5158 соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудааст, ки аз ин шумора 2245 субъект ва 2248 хоҷагии деҳқонӣ ба тариқи патент ва 665 субъект бо шаҳодатнома фаъолият менамоянд.

Дар доираи баргузории форуми «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва дигар шарикон оид ба бунёди корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли антифриз, истеҳсоли трансформатор ва таҷҳизоти барқӣ, Маркази логистикии байналмилалӣ ва оид ба воридот ва фурӯши автомобилҳо, аз ҷумла электромобилҳо ба маблағи умумии зиёда аз 28 миллион доллари амрикоӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳолати татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 500 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Февраль 7, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд