НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз рӯйи 50 касбу ҳунар 12 ҳазор нафар соҳиби касб гардид
ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дурнамои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамасола дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Соли 2024 12 ҳазор шаҳрванд аз рӯйи 50 касбу ҳунар, аз ҷумла қаннодӣ, дӯзандагӣ, ронандагӣ, ҳисобдорӣ, истифодабарандаи компютер, кафшергари газию барқӣ, устои барқ ва ғайраҳо машғулияти кӯтоҳмуддатро хатм намуданд, ки 1484 нафарашон духтарон мебошанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.
Дар ин давра дар самти таъмини татбиқи натиҷабахши «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи кумита «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Бо амалишавии барнома таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҷҳизонидани озмоишгоҳу лабораторияҳо, синфхонаҳои фаннию устохонаҳои таълимӣ ташкил гардида, ин раванд дар ҳама муассисаҳо марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
Соли 2024 73 номгӯй китобҳои дарсӣ таҳия гардида, аз ин шумора 50 номгӯй китобҳо нашр шуда, барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуданд.
Ҳамзамон Стандарти салоҳият ва барномаҳои таълимии модулии 31 касбу ихтисос таҳия ва ба тавсиб расонида шуда, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фиристода шуд. Бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳсил дар 36 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии равияи тиббӣ аз рӯйи 13 ихтисос дар заминаи синфҳои 9 ва 11 нақшаи таълимӣ, инчунин 70 нақшаи таълимии равияҳои техникӣ ва технологӣ ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонии таҳсил таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар айни замон нақшаҳои таълимии равияҳои фарҳанг ва санъат аз рӯйи 24 ихтисос мавриди таҳлилу корбарӣ қарор доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






