НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз рӯйи 50 касбу ҳунар 12 ҳазор нафар соҳиби касб гардид

Февраль 4, 2025 15:42

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дурнамои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамасола дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Соли 2024  12 ҳазор шаҳрванд аз рӯйи 50 касбу ҳунар, аз ҷумла қаннодӣ, дӯзандагӣ, ронандагӣ, ҳисобдорӣ, истифодабарандаи компютер, кафшергари газию барқӣ, устои барқ ва ғайраҳо машғулияти кӯтоҳмуддатро хатм намуданд, ки 1484 нафарашон духтарон мебошанд. Дар ин хусус  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.

Дар ин давра дар самти таъмини татбиқи натиҷабахши «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи кумита «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бо амалишавии барнома  таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҷҳизонидани озмоишгоҳу лабораторияҳо, синфхонаҳои фаннию устохонаҳои таълимӣ ташкил гардида, ин раванд дар ҳама муассисаҳо марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.

Соли 2024  73 номгӯй китобҳои дарсӣ таҳия гардида, аз ин шумора 50 номгӯй китобҳо нашр шуда, барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуданд.

Ҳамзамон Стандарти салоҳият ва барномаҳои таълимии модулии 31 касбу ихтисос таҳия ва ба тавсиб расонида шуда, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фиристода шуд. Бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳсил дар 36 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии равияи тиббӣ аз рӯйи 13 ихтисос дар заминаи синфҳои 9 ва 11 нақшаи таълимӣ, инчунин 70 нақшаи таълимии равияҳои техникӣ ва технологӣ ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонии таҳсил таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар айни замон нақшаҳои таълимии равияҳои фарҳанг ва санъат аз рӯйи 24 ихтисос мавриди таҳлилу корбарӣ қарор доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ба имзо расид
Оид ба саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид

Маводҳои таҳлилӣ