НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Шоҳмансур соҳиби 111 медали тилло гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 375 медал, аз ҷумла 111 медали тилло, 129 нуқра ва 135 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 33 медал зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода иттилоъ дод.
Дар ноҳия 22 толори варзишӣ, 3 майдон, 53 майдончаи варзишӣ ва 6 маркази солимгардонӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 49 мураббӣ ба 19 ҳазору 282 варзишгар намудҳои гуногуни варзишро тамрин медиҳанд.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 369 чорабинӣ бо фарогирии 218 ҳазору 42 нафар, дар самти рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 219 чорабинӣ бо фарогирии 204 ҳазору 325 нафар, дар самти ободкорию созандагӣ 63 аксияю шанбегиҳо бо фарогирии 6296 нафар, 119 аксияи таблиғотию ташвиқотӣ бо фарогирии 6892 нафар, 141 мулоқоту суҳбат бо фарогирии 5856 нафар гузаронида шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






