Ғолибони даври сенздаҳуми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, ки дар даври сенздаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқа мавқеи пешсафиашро мустаҳкам кард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бозии дигари даври сенздаҳум дастаи футзали «Амонатбонк»-и шаҳри Душанбе дар меҳмонӣ аз дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 3:7 шикаст хӯрд. Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Пойтахт»-и Душанберо бо ҳисоби калони 12:1 мағлуб кард. Дастаи футзали «Сомон»-и шаҳри Душанбе бар дастаи меҳмон — «Регар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби калони 9:1 пирӯз шуд.
Пас аз ҷамъбасти сездаҳ даври мусобиқа дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо 33 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал аст. Дастаи футзали «Амонатбонк»-и шаҳри Душанбе, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 27 имтиёз ҷойи дуюмро касб намуд. Дастаҳои футзали «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 23-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври чордаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон 8-9 феврали соли 2025 баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе дастаҳои футзали «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Амонатбонк»-и шаҳри Душанбе бо «Сомон»-и шаҳри Душанбе, рӯзи якшанбе дастаҳои футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бо «Сипар»-и шаҳри Душанбе ва «Регар»-и шаҳри Турсунзода бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе байни ҳам бозӣ мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки Чемпионати футзали Тоҷикистон, ки бо иштироки нуҳ даста 19 октябри соли 2024 оғоз ёфта буд, то 9 марти соли 2025 идома меёбад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ






