«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад

Февраль 6, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар  мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳамасола дар саросари мамлакат бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоишу конфронс, мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, инчунин барои занону духтарон маҳфилҳои идона ташкил мешаванд.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро занону модарони тоҷик ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо нангу номуси ватандӯстӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 8 март  дар мамлакат  Рӯзи Модар ҷашн гирифта  мешавад ва ин рӯз  рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 6, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад