ҶОННИСОР, ШАБЗИНДАДОР ВА БОИСИ ИФТИХОР! Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва миллат аст

Февраль 22, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сипари боэътимоди ҳар давлату миллат қувваҳои мусаллаҳи он мебошад. Аз умқи таърих то ба ҳол таҷрибаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар кишваре, ки неруҳои ҳарбии он муқтадир ва пурқувват аст, амният, сулҳу субот ва оромиву шукуфоӣ дар он давлат побарҷо хоҳад монд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи баланди омодабош қарор дорад. Ин ҳама аз баракати сиёсати муваффақона ва оқилонаву одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таҳти роҳбарии шахсияти хирадсолор ва дурандешу ҷоннисори Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри сипаришуда давлати навини худро таъсис дод. Дар он солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон на қувваҳои мусаллаҳ дошт, на артиши миллӣ дошт, на яроқ дошт, на афсар ва на сарбоз. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон хиради азалӣ ва зиракии сиёсӣ ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлол фикри таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳро намуда, бо ҳар роҳ таъсиси онро амалӣ менамуданд. Вале дар он солҳо дар ҷумҳурӣ ягон мутахассиси варзидаи соҳаи ҳарбие набуд, ки ин масъулиятро бар дӯш гирад ва барои ҳифзи ин марзу бум роҳу усулу тактикаҳои омодабоширо дар ин самт нишон диҳад. Роҳбари давлат зарур шумурданд, ки як муддат барои таъсиси ин ниҳоди муҳимми давлат, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ аз кишварҳои ҳамсоя ва шарикони стратегӣ мутахассисонро даъват намоянд. Давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон ба неруи қудратманд ва устувор табдил ёфта, имрӯз ин ниҳоди бузурги мамлакат ҳифзи боэътимоди марзу буми давлат, таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки бо заҳмату талошҳои зиёд Артиши миллии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи неруҳои мусаллаҳе, ки ҷавонмардона барои ҳифзи ин марзу бум, оромии миллат ва давлат омода буданд ва мехостанд, ки ин сарзамини аҷдодиро, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад, ташкил шуд. Артиши миллии Тоҷикистон то имрӯз чун сутуни пойбарҷо суботи сиёсии давлатро устувор нигоҳ медорад.

Агар ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ дақиқ таваҷҷуҳ намоем, давоми 32 соли таъсис он се марҳалаи муҳимро аз сар гузаронид:

Марҳалаи якум. Дар аввал мақсаду маром ва ҳадафи асосии таъсис додани Артиши миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили неруи ҳарбие буд, ки он бояд музаффарияти истиқлолият, оромӣ дар мамлакат, суботи сиёсӣ, озодии шаҳрвандон ва сулҳу оромии давлатро таъмин намояд. Дар ин замина гурӯҳҳои зудамал ва саривақтӣ ташкил шуданд, ки ҳадаф ва мақсади онҳо мубориза ва муқовимат бар зидди қувваҳои иртиҷоӣ ва зиддиҳукуматӣ буд. Зеро ин қувваҳо мехостанд ба ҳар роҳ сохти конститутсиониро дар мамлакат аз байн бурда, ҳукуматро ба даст гиранд. Бояд ёдовар шуд, ки ин қувваҳо аз ду гурӯҳ иборат буданд: гурӯҳи аввал дар дохили ҷумҳурӣ буд, ки бо кумаку дастгирии гурӯҳи дуюмӣ, яъне “хоҷагони беруна” онҳоро бо яроқу аслиҳа ва дигар техникаҳои ҷангӣ таъмин мекарданд. Ин гурӯҳи худбохтагони дохилӣ бо истифода аз яроқҳои оташфишон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки шахсиятҳои баруманди давлат, аз ҷумла ходимони давлатию сиёсӣ ва он нафаронеро, ки барои ободии ин давлат хизматҳои шоён намуда буданд, аз байн баранд ва ин сарзаминро бо ду дасти адаб ба хоҷагонашон бубахшанд. Дар ин марҳала Артиши миллӣ бар зидди онҳо истодагарӣ намуда, саҳми худро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ расонид. Бо ҳазорон ҷоннисорию талошу шуҷоату матонат соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа қариб тамоми ҳудуди ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд.

Марҳалаи дуюм. Дар ин марҳала, яъне дар солҳои 1994 то 1996 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сифатан ташаккул ва такомул ёфт. Дар ин давра аллакай мамлакат дорои як зумра кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисон  гардид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони далеру шуҷоъ барои фаро гирифтани таҳсили ҳарбӣ ба коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳои ҳарбии Федератсияи Русия, Украина, Беларус фиристода шуданд. Баъдан ин мутахассисон аз таҷрибаи ҳарбии он кишварҳо бархурдор гардида, дар сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсату шуъбаҳои алоҳида ташкил намуда, ба ин восита иқтидори ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро қавитар намуданд. Инчунин дар ҷумҳурӣ коллеҷи ҳарбӣ таъсис дода шуд, ки барои омода намудани афсарони касбӣ ба фаъолият оғоз бахшид. Баъдан ин коллеҷ ба Донишкадаи ҳарбӣ табдил шуда, яке аз муассисаҳои асосии тайёр намудани кадрҳои миллии ҳарбӣ ба ҳисоб мерафт.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ин марҳала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди  Артиши миллии Тоҷикистон Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил шуданд. Ҳар яки ин ниҳод дар алоҳидагӣ аз рӯзҳои аввали таъсис то имрӯз барои суботи сиёсӣ ва амнияту оромии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.

Марҳалаи сеюм Дар ин марҳалаи ҳассос, ки баъд аз соли 1997 оғоз гардид, (яъне баъд аз имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни Ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин) таъсиси якчанд сохтори Артиши миллии Тоҷикистон оғоз шуд. Бояд ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон бо Федератсияи Русия якчанд созишномаю ёддошти тафоҳумро дар соҳаи ҳарбӣ ба имзо расонид.

Ин се марҳалаи гуфташуда заминаи хубе барои рушду густариши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварданд.

Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, бо кӯшишу талош ва ҷоннисорию заҳматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозони шуҷои Ватан вазъ дар мамлакат муътадил арзёбӣ гардида, ободӣ, пешравӣ, шукуфоӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти аҳолӣ аз талошҳои шабонарӯзии кормандони ин сохторҳо маншаъ мегирад.

Субҳиддин ЗИЁЕВ,
мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 22, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. Барои хушсифат мондани он танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдорӣ зарур аст
Нақши технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назаррас аст
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Бинокоронро ободгари зиндагии мардум меноманд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ бояд кард, то дар шароити хона консерва безарар ва хушсифат омода шавад?
Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст
БАҲОГУЗОРИИ МУОСИР. Низоми 10-хола на танҳо рақам, балки роҳ ба сӯи адолат, шаффофият ва рушди воқеии қобилияти хонандагон аст
Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Истиқлол фалсафаи ҳастии давлатдории имрӯзаи тоҷикон аст»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ зиёд гардидааст